Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд: Пеши терроризм сар хам намекунем


Франсуа Ҳолланд
Франсуа Ҳолланд

Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, изҳор намуд, ки ягон таҳдид кишварро аз роҳи мубориза бо терроризм барнамегардонад. Изҳороти ӯ рӯзи 25 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Ню-Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, ва баъд аз он садо дод, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар интернет навори видеоиеро дар бораи нӯҳ мусаллаҳи дар ҳамлаҳои террористии Порис дастдошта нашр кард.

Дар ин навор исломгароҳо ба кишварҳои узви Эътилофи байнулмилалии зидди “Давлати исломӣ” таҳдид кардаанд. Бино ба ин навор, аз нӯҳ нафари дар ҳамлаҳои Порис дастдошта чаҳор нафар – шаҳрванди Белгия, се нафар – шаҳрвандони Фаронса ду нафари дигар –ироқӣ буданд.

Бар асари ин ҳамлаҳо, ки дар пойтахти Фаронса шоми 13 ноябри соли гузашта сурат гирифтанд, 130 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар он ҳамлаҳо ҳафт тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Ду нафари дигарашон дар амалиёти вижаи полис ба ҳалокат расиданд.

Дар навори видеоӣ саҳнаҳои куштори одамон аз сӯи ин гурӯҳи нӯҳнафара қабл аз ҳамлаҳои Порис гузошта шудааст. Онҳо гаравгонҳоро ҳадафи тир қарор медиҳанд ё сар мебуранд. Худи ошӯбгарон ин афродро шерҳои номидаанд, ки Фаронсаро ба зону шинондаанд. Раҳбари Фаронса бошад ин наворҳоро шаҳодати ҷиноятҳои ин гурӯҳи ҷиноӣ номидааст.

Франсуа Ҳолланд афзуд, ки бар асари хатару таҳдидҳо вазъи фавқулодда дар Фаронса боқӣ хоҳад монд. Вазъи фавқулодда дар Порис баъд аз ҳамлаҳо ҷорӣ карда шуд ва он ба кормандони полис ҳақ медиҳад, ки берун аз вақти хизматӣ ҳам силоҳ дошта бошанд, бидуни иҷозаи расмӣ афроди машкукро тафтишу манзилашонро кофтукоб кунанд ва бе ҳукми додгоҳ гумонбаронро таҳти ҳабси хонагӣ қарор диҳанд.

XS
SM
MD
LG