Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум дар бораи интернет сӯҳбат кард


Поп Франсиск
Поп Франсиск

Франсиск-попи Рум интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳадяи худо номид ва гуфт, ба шарти ин ки онҳо хирамандона ба кор бурда шаванд. Поп ин нуктаро дар мулоқоти худ бо Тим Кук-раҳбари ширкати Apple дар Ватикан изҳор дошт.

Франсиск гуфт, ки интернет метавонад барои эъмори ҷомеаи солиму боз истифода шавад. Вай ҳамзамон гуфт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд сабаби ҷудоии баъзе гурӯҳҳо ва баъзе одамон ҳам шаванд.

Пештар попи Рум эътириоф кард, ки вай бо таҷҳизоти ҷадид ошноӣ надорад ва намедонад, ки чӣ тавр аз онҳо бояд истифода кард. Бо вуҷуди ин вай моҳи декабри соли гузашта нахустин акси худро дар Инстаграм нашр намуд.

XS
SM
MD
LG