Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи шаҳрвандони тоҷик дар Беларус


Акс аз марзи Беларус бо Полша
Акс аз марзи Беларус бо Полша

Кумитаи тафтишоти вилояти Гроднои Беларус тафтиши се парвандаи ҷиноии марбута ба муҳоҷирати ғайриқонуниро анҷом дода, ба додгоҳ фиристодааст. Намояндаи ин идора Сергей Шершеневич гуфт, беш аз 40 шаҳрванди Беларус, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Ветнам ба он айбдор мешаванд, ки аз соли 2012 то августи соли 2014 аз тариқи қаламрави Беларус беш аз 150 муҳоҷири ветнамиро ғайриқонунӣ ба ҳудуди Иттиҳодияи Аврупо интиқол додаанд. Гуфта мешавад, ҳар паноҳҷӯи ветнамӣ барои расидан ба Иттиҳодияи Аврупо ба ин шабакаи қочоқбар аз 6 000 то 15 000 доллар пул пардохт мекардааст. Ду узви аввали ин шабака моҳи августи соли 2014, ҳангоми интиқоли 8 муҳоҷири ветнамӣ дар ноҳияи марзии Ошмянск дастгир шуданд. Беларус, ки бо Литва, Латвия ва Полша – се кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Аврупо табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG