Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Эрон бидуни медал


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии паҳлавонии Тахтӣ дар Теҳрон бе медал монданд.

Дар 36-умин давраи рақобатҳои гуштии Ҷоми ҷаҳонии паҳлавонии Тахтӣ, ки рӯзи 16 январ дар Теҳрон ба поён расид, варзишгарони тоҷик аз медалҳо бенасиб монданд. Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи паҳлавони машҳури эронӣ Ғуломризо Тахтӣ, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, ҳамасола зӯртарин гуштигирон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат меварзанд.

Мусобиқоти имсола оид ба гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, инчунин гуштии паҳлавонӣ дар толори 12-ҳазорнафарии Озодии Теҳрон бо ширкати варзишгарони Алҷазоир, Арманистон, Гурҷистон, Лаҳистон, Марокаш, Маҷористон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Сербистон, Тоҷикистон, Тунис, Украина, Эрон ва ғайра сурат гирифт.

Абдурозиқ Олимов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, баъди бозгашти паҳлавонони тоҷик аз Эрон рӯзи 19-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии озод шаш варзишгар шомил буд. Аз байни онҳо ду нафар – Абумуслим Раҷабов дар вазни то 70 килограмм ва Инкандари Рустам дар вазни то 97 килограмм – натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои панҷумро касб карданд. Имтиёзҳои ба даст овардаи ҳарду имкон дод, ки Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ оид ба гуштии озод дар байни 16 даста дар мақоми шашум қарор бигирад.”

Дар ҳисоби дастаӣ дар намуди гуштии озод паҳлавонони Эрон, ки дар ҳамаи ҳашт вазн ғолиб шуданд, мақоми аввалро азони худ карданд. Арманистон дувум, Беларус севум, Озарбойҷон чаҳорум, Украина панҷум шуданд.

Дар намуди гуштии фарангӣ низ эрониҳо дар ҳисоби дастаӣ ҷойи аввалро соҳиб гаштанд. Украина ҷойи дувум, Озарбойҷон ҷойи севум, Арманистон ҷойи чаҳорум ва Тоҷикистон ҷойи панҷумро гирифтанд. Гуштигирони тоҷик дар рақобатҳо оид ба гуштии юнониву румӣ низ аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд.

Ба иттилои Абдурозиқ Олимов, гуштигирони тоҷик ҳамакнун ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки рӯзҳои 17-21 феврал дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Онҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро ишғол мекунанд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи литсензионии қитъавӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф мешаванд.

XS
SM
MD
LG