Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

180 000 сомонӣ ҷарима барои шикори Архар


Мақомоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, ки як сокини кишварро барои шикори ғайримуҷози Архар 180 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд. Хайрулло Ибодзода, раҳбари ин ниҳод, 19 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, дар маҷмӯъ дар соли гузашта барои “муносибати нохуб” бо ҳифзи муҳити зист 12 ҳазор тан ҷаримабандӣ шудаанд. Вай дар идома гуфт, хориҷиҳо имсол 65 гӯсфанди Марк Полоро шикор кард, барои ҳар кадомаш ба буҷаи кишвар 45 ҳазор сомонӣ ворид кардаанд. Ӯ гуфт, “дар маҷмӯъ барои соли гузашта шикори 85 Марко Полоро иҷозат дода будем”.

XS
SM
MD
LG