Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул Толибонро ба музокирот даъват кард


Салоҳуддин Раббонӣ
Салоҳуддин Раббонӣ

Салоҳуддин Раббонӣ-вазири корҳои хориҷаи Афғонистон 18 январ аз ҳамаи гурӯҳҳои Толибон хост, ки ба раванди сулҳ бо ҳукумати ин кишвар ҳамроҳ шаванд ё онҳо дар оянда аз тасмимҳо дар канор хоҳанд монд.

Салоҳуддин Раббонӣ дар оғози музокироти чаҳор кишвар дар Кобул, ки дар он тарҳи харитаи роҳро барои созишномаи ниҳоии сулҳ таҳия мекунанд, суханронӣ намуд ва гуфт, Кобул мехоҳад, “ ки ҳамаи Толибон ба раванди сулҳ бипайванданд”.

Вале вай гуфт, “ҳар гуна таъхир Толибонро дар канор хоҳад гузошт”. Вай афзуд, агар Толибон аз ширкат дар музокирот даст кашанд, ин бад-он маъно хоҳад буд, ки ҳадафи онҳо сулҳ нест.

Дар музокироти Кобул намояндагон аз Афғонистону Покистон ва Чину Амрико ширкат доранд. Як ҳафта пеш музокироти онҳо дар Исломобод баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG