Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тангаи қазоқӣ ба поинтарин нуқтаи арзиш расид


Танга-пули милии Қазоқистон дар баробари доллар ба поинтарин нуқтаи худ расидааст. Ин дар ҳолест, ки ин кишвари дорои бузургтарин иқтисод дар Осиёи Миёна бо поин рафтани арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва бо таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия мубориза мекунад.

18 январ дар бозори хариду фурӯши асъор як доллар ба 372,58 танга баробар шуд. Ин поинтанин арзиш аз моҳи августи соли 2015, яъне аз замонест, ки Қазоқистон аз танзими арзиши асъор даст кашид ва бозорро озод гузошт.

18 январ дар саросари кишвар як долларро 374-375 танга иваз мекарданд. Баъд аз 1 январ пули миллии Қазоқистон 80 дарсади арзиши худро аз даст дод.

XS
SM
MD
LG