Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷалолобод ид ба мотам табдил шуд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки бар асари ҳамлаи террористӣ дар манзили як сиёсатмадори маҳаллӣ дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор, дасти кам 13 нафар кушта ва 14 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Атоуллоҳ Хоқиёнӣ, сухангӯи волии вилоят гуфт, ҳамлагар маводи таркандаро субҳи рӯзи 17 январ дар ҳоле тарконд, ки манзили Убайдуллоҳ Шинворӣ афроди зиёде ба хотири раҳоии баробараш аз асорати толибон ҷамъ омада буданд.

Убайдуллоҳ Шинворӣ аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурдааст, аммо падари ӯ маҷрӯҳ шудааст, гуфтааст Хоқиёнӣ. Ибтидо хабар дода мешуд, ки Самеъуллоҳ, баробари сиёсатмадор ҳам ҷон бохтааст, аммо баъдан Хоқиёнӣ инро рад кард ва гуфт, ки ӯ ҳам ҷароҳат бардоштааст.

Ба гуфтаи сухангӯи волии Нангарҳор, шояд теъдоди қурбониёни ин ҳамла афзоиш ёбад, зеро мардуми хело зиёд ба табрики ин хонавода омада буданд.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Намояндаи ҷунбиши “Толибон” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки онҳо дар ин ҳодиса даст надоранд.

Убайдуллоҳ Шинворӣ узви Шӯрои вилояти Нангарҳор аст ва аҳли хонаводаи ӯ дар саҳнаи сиёсии милливу маҳаллӣ фаъоланд.

Манзили Шинворӣ дар наздикиҳои консулгарии Покистон воқеъ аст, ки ҳафтаи гузашта мавриди ҳамлаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG