Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Индонезия террористонро меҷӯяд


Пулиси Индонезия мегӯяд, ки дар ҷустуҷӯи гурӯҳҳои хурди террористиест, ки дар паси бамгузориҳо ва ҳамлаҳо дар Ҷакарта-пойтахти ин кишвар қарор доранд.

Ду нафар, яке шаҳрванди Индонезия ва дигарӣ шаҳрванди Конодо ва 5 марди дигари мусаллаҳ бо мусалсалу маводи мунфаҷира 14 январ дар ҳамлаҳои Ҷакарта кушта шуданд.

Гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломӣ масъулияти ин ҳамлаҳоро бар душ гирифтанд. Ин ҳамлаҳо “шаҳрвандони эътлофи салибдор”-ро ҳадаф қарор дода буд.

Тито Карнавиён-раиси пулиси Ҷакарта гуфт, ҳамлакунандагон бахше аз тундравҳои Давлати Исломӣ будаанд, ки бо номи гурӯҳи Баҳром Наим фаъолият мекарданд. Мардуми Индонезия бовар доранд, ки ин гурӯҳ дар Сурия бо тундравҳои Давлати Исломӣ дар даргириҳо ширкат мекунад ва Баҳром Наим ҳамоҳангсози онҳо мебошад.

Лаҳут Панҷайтан-вазири амнияти Индонезия гузоришҳоро таъйид кард ва гуфт, ки субҳи рӯзи 15 январ дар наздикии шаҳри Ҷакарта 3 марди машкук боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол нируҳои интизомӣ дар саросари кишвар ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд ва пулис мегӯяд, ки биноҳои ҳукуматӣ, пулис, сафоратхонаҳо ва мағозаҳои бузург таҳти амният гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG