Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 қочоқбарро дар марз "безарар" гардондаанд


Дар ҷаласаи солонаи сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки рӯзи 14 январ баргузор шуд, гуфта шуд, марзбонони тоҷик дар соли 2015 бо қочоқбарони маводи мухаддир 30 маротиба вориди задухӯрд шуда, 16 қочоқбарро “безарар” гардондаанд. Бино ба ҳисоботи нирӯҳои марзбонӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, марзбонони тоҷик соли гузашта 106 нафарро бо иттиҳоми марзшиканӣ боздошт кардаанд. Аз ин шумор 36 тан шаҳрвандони Афғонистон, 10 нафар шаҳрвандони Узбакисон, 2 тан аз Чин ва 5-нафарӣ аз Русия ва Қирғизистон будаанд. Дар тӯли соли 2015 аз сӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон 1 252 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 43 кило ҳероин, 331 кило афюн ва 876 кило чарсу ҳашиш мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG