Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғи гӯшаҳои Тоҷикистон дар Иморот


Аҳтам Абдуллозода
Аҳтам Абдуллозода

Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯянд, ки дар моҳи Рамазони имсола тавассути шабакаҳои Имороти Муттаҳидаи Араб филмҳо аз гӯшаву канори Тоҷикистон намоиш дода хоҳанд шуд. Аҳтам Абдуллозода, раиси ин ниҳод, рӯзи 14 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ин филмҳо аз сӯи коргардону наворбардорони Иморот омода шуда, "маблағи заруриро ҷониби Тоҷикистон пардохт кардааст".

Ӯ дар бораи пуле, ки барои таҳияи ин филмҳо сарф гардидааст, ҷузъиёт надод. Вале гуфт, ки ҳадафи аслии ин филмҳо ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон аст. "Аз гӯшаҳои сайёҳии Душанбе, Хатлон ва Бадахшону Суғд навор гирифта ва аз бойгонии телевизонҳои давлатиии Тоҷикистон низ истифода кардаанд," -- илова кард Аҳтам Абдуллозода.

Ин гуруҳи филмбардорони араб моҳи октябри соли гузашта ба раҳбарии Алӣ Асалум, ки роҳбарии ширкати телевизиони "Акс Алӣ"-ро бар уҳда дорад, ба Тоҷикистон омада буд.

Қаблан Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ тавассути телевизиони Евронюс низ таблиғотеро ба роҳ монда буд. Он замон мақомот гуфтанд, ки барои ин таблиғот 120 ҳазор евро харҷ кардаанд.

XS
SM
MD
LG