Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи Меркел: "Ҳамроҳи мусулмонҳо хориҷ шав!"


Ангела Меркелро барои қабули муҳоҷирон танқид мекунанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Ангела Меркелро барои қабули муҳоҷирон танқид мекунанд

Беш аз 2 ҳазор пайрави созмони "Легида", ки мухолифи мусулмонҳост, бо боло кардани акси ҳиҷобпӯши канслери Олмон Ангела Меркел ӯро барои ҳимоят аз муҳоҷирон танқид карданд.

Шоми 11 январ дар шаҳри Лейптсиги Олмон беш аз 2 ҳазор пайрави созмони Легида, ки мухолифи мусулмонон мебошанд, бо ишора ба ҳамлаҳои шаби соли нав дар шаҳри Кёлн раҳпаймоии эътирозӣ ташкил карданд. Онҳо акси ҳиҷобпӯши канслери Олмон Ангела Меркелро боло бардошта, дод мезаданд, ки "Меркел ҳамроҳ бо мусулмонҳо хориҷ шавад!"

Чанде пеш дар шаҳри Кёлн камаш 121 зан шикоят карданд, ки мардҳои аксаран хориҷӣ онҳоро ғорат карда, нисбат ба онҳо бадрафтории ҷинсиро раво дидаанд.

Ин ҳамлаҳо бо танқиди шадиди сиёсати муҳоҷирати Ангела Меркел рӯ ба рӯ шудааст. Соли гузашта беш аз 1 миллиону 100 ҳазор паноҳҷӯй, ки асосан аз Сурия, Ироқ ва Афғонистон мебошанд, дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ ба Олмон омадаанд.

Дар баробари ҷамъомади эътирозии мухолифони мусулмонон дар Лейптсиг раҳпаймоии мухолифони созмони Легида доир шуд, ки дар он гирдомадагон аз ҳамоиши беҳтар танзимшудаи муҳоҷирон пуштибонӣ карданд. Ба қавли онҳо, масъулияти нооромиҳои Кёлн бар дӯши як гурӯҳи хурд аст ва аз ин рӯ, набояд тамоми муҳоҷиронро гунаҳкор кард.

Пулиси Кёлн гузориш медиҳад, ки рӯзи якшанбе авбошон ҳамчун қассоси ҳамлаҳои шаби соли нав камаш 11 хориҷӣ ва аз ҷумла покистониҳо, африқоиҳо ва суриягиҳоро латту кӯб кардаанд. Рӯзи душанбе канслери Олмон ҳам эътироф кард, ки Аврупо дар муқобили бӯҳрони паноҳандагон осебпазир буда, то ҳол назорати зарурии ин равандро танзим накардааст.

Дар як нишасти соҳибкорон дар шаҳри Франкфурти Олмон хонум Меркел гуфт, ки сарнавишти пули аврупоӣ-евро мустақим ба рафтуомади озоди шаҳрвандон дар дохили Иттиҳоди Аврупо бастагӣ дорад. Ба қавли канслери Олмон ҳифзи минтақаи Шенген барои ҳимоят аз марзҳои берунаи Иттиҳоди Аврупо муҳим аст.

Садҳо ҳазор паноҳҷӯй аз кишварҳои ҷангзада ва қашшоқи Ховари Миёна ва Африқо тавассути Юнон ва Италия ба Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Баъзе кишварҳои аврупоӣ аз қабули квоати қабули паноҳандагон даст кашида, бо ҳадафи ҷилавигирӣ аз вуруди паноҳҷӯён дар дохили минтақаи озоди Шенген назорати марзҳояшонро барқарор кардаанд.

XS
SM
MD
LG