Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниши Теҳрону Ар-Риёз то ба футбол расид


Таниш миёни Теҳрон ва Ар-Риёз ба варзиш ҳам бетаъсир намонданд – Федератсияи футболи Арабистони Саъудӣ ахиран изҳор намуд, ки ба хотири таъмини амнияти футболбозон аз бозӣ бо дастаи Эрон дар қаламрави он кишвар худдорӣ мекунад.

Масъулини футбол дар Арабистони Саъудӣ рӯзи 7 январ дар як изҳорот бо ишора ба ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии кишвар дар Эрон аз Конфедератсияи футболи Осиё хостанд, ки бозӣ миёни дастаҳои Эрону Саъудӣ на дар Эрон, балки дар майдони ягон кишвари бетараф баргузор шавад.

Аммо Теҳрон ин пешниҳоди Ар-Риёзро, ки баъд аз лағви робитаҳои дипломативу иқтисодӣ бо Эрон ироа шудааст, қабул надорад. Асғар Боғириён, як мақоми Федератсияи футболи Эрон ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, ки “барои футбол сиёсат бегона аст”.

Бозиҳо миёни футболбозони Эрону Арабистони Саъудӣ дар чаҳорчӯби сабқати дастаҳои Осиё барои дарёфти роҳхатҳои Ҷоми ҷаҳон-2018 бояд моҳҳои январ ва феврал баргузор шаванд.

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бини Иброҳим Ал-Халифа узви хонаводаи салтанатии Баҳрайн аст, ки ба думболи Арабистони Саъудӣ робитаҳои дипломатӣ бо Эронро лағв кард.

Баъд аз эъдоми рӯҳонии шиа шайх ан-Нимр аз сӯи Ар-Риёз рӯзи 2 январ садҳо эронии хашин ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад ҳамла карданд. Ин ҳамлаҳо боиси он шуданд, ки Арабистони Саъудӣ робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин Баҳрайн ва Судон ҳам аз лағви робитаҳо бо Эрон хабар доданд, Аморати Муттаҳидаи Араб сатҳи муносибатҳои дипломатӣ бо Теҳронро пойин бурд. Кувайт рӯзи 5 декабр сафирашро аз Теҳрон бозхонд. 7 январ Сомалӣ ҳам эълон дошт, ки робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кардааст.

XS
SM
MD
LG