Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши қурбониёни таркиш дар Либия


Теъдоди қурбониёни таркиши як мошин дар канори маркази тамрини полис дар шаҳри Злитен, воқеъ дар ғарби Либия, то 65 нафар афзоиш ёфт. Даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Таркиш дар ҳоле рӯй дод, ки дар марказ садҳо кормандони навхати полис ҷамъ омада буданд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Либия ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” карданд.

Баъд аз ошӯби соли 2011, ки бар асари он раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ кушта шуд, дар ин кишвари нафтхез мубориза миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ барои назорати мавзеъҳои алоҳида оғоз ёфт.

Охирҳои моҳи гузашта Шӯрои амнияти СММ созиши сулҳ миёни гурӯҳҳои даргир дар Либия ба хотири ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро пазируфт. Кишварҳои аврупоӣ умедворанд, ки таъсиси ин ҳукумат боиси эътидол дар кишвар ва муборизаи муштарак ба хотири ҷилавгирӣ аз афзуоиши ҳузури гурӯҳи "Давлати исломӣ» дар Либия мешавад.

XS
SM
MD
LG