Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ансорӣ: Ар-Риёз масъули зарба ба сафорат аст


Ҳусейн Ҷаббори Ансорӣ
Ҳусейн Ҷаббори Ансорӣ

Теҳрон Арабистони Саъудиро дар зарбаи ҳавоӣ ба бинои сафорати Эрон дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, айбдор кард. Шабакаҳои телевизионии Эрон рӯзи 7 январ хабар доданд, ки дар ин ҳамлаҳо чанд тан аз муҳофизони бинои сафорат ҷароҳат бардоштаанд. Ҳусейн Ҷаббори Ансорӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки Арабистони Саъудӣ масъули осеб ба бинои сафорат ва захмӣ шудани кормандони намояндагии дипломатии Эрон аст.

Намояндаи Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ ба хабаргузории Reuters гуфт, ки иттиҳоми Теҳрон баррасӣ мешавад. Ӯ хабари зарбаҳои шабона ба шаҳри Санъоро тасдиқ кард ва аммо гуфт, ки ҳавопаймоҳо тӯпхонаҳои шибҳанизомиёни ҳӯсиро ҳадаф қарор дода буданд.

Иттиҳоми Эрон алайҳи Арабистони Саъудӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки таниш миёни ду кишвар пас аз эъдоми як рӯҳонии шиа аз сӯи Ар-Риёз ва харобкорӣ дар бинои сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ба сатҳи боло расидааст.

XS
SM
MD
LG