Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина бар зидди Русия ба СММ шикоят мебарад


Павел Петренко
Павел Петренко

Украина Русияро муттаҳам мекунад, ки Қримро ба худ ҳамроҳ кардааст ва дар Донбасс оташи ҷангро фурузон намудааст. Украина гуфтааст, ки бар зидди Русия ба Додгоҳи байналмиллалии СММ шикоят мебарад, зеро Русия аҳдномаи зиддитерроризмро риоят накардааст.

Дар ин бора Павел Петренко-вазири адлияи Украина бо “шабакаи 5”-и телевизиони Украина сӯҳбат кардааст. Вазир мегӯяд, ки ҳамаи санадҳо ва далелҳои заруриро гирдоварӣ кардаанд.

Тобистони соли 2015 Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина ба вазорати адлия дастур дода буд, ки беҳтарин ҳуқуқшиносони ҷаҳонро даъват кунанд ва бар зидди чунин рафтори Русия санадҳои заруриро омода намоянд.

Пештар аз ин Киев борҳо бар зидди Русия ба Додгоҳи байналмиллаии ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурда буд. Ин шикоятҳо ҳам ба рӯйдодҳои Қрим ва шарқи Украина ихтисос дошт.

XS
SM
MD
LG