Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдилдаев: музокирот бо Тоҷикистон идома дорад


Минтақаи марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон
Минтақаи марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабари баъзе аз расонаҳоро дар бораи гӯё вориди бунбаст шудани музокироти марзии ин кишвар бо Тоҷикистону Узбакистонро рад кардааст. Хабаргузориҳои Қирғизистон рӯзи 4 январ бо истинод ба Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гуфтаанд, бо вуҷуди мушкилоту ихтилофи назари ҷонибҳо дар мавзӯи таъини хатти марз, музокирот дар ин замина дар рӯзҳои наздик аз сар гирифта мешавад.

Ба қавли Абдилдаев, дар муқоиса ба соли 2014 дар соли гузашта мизони ташаннуҷ дар марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбакистон коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG