Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депардйе нақши Сталинро бозӣ мекунад


Жерар Депардйе
Жерар Депардйе

Қарор аст Жерар Депардйе-ҳунарманди синамои Фаронса дар як филм нақши Иосиф Сталин-диктатори Шӯравиро бозӣ кунад. Намояндаи матбуотии ин ҳунарманд 29 декабр гуфт, ки Депардйе дар филми "Le Divan de Staline" ё “Кати Сталин”- асари як филмноманависи фаронсавӣ нақш меофарад. Ин асар дар соли 2013 навишта шудааст.

Ин саргузашт ба солҳои 1950-и Иттиҳоди Шӯравӣ тааллуқ дорад ва роҷеъ ба як муҷассамасози ҷавон аст, ки бояд муҷассаамаи Сталинро месохт, вале ба расидагиҳои КГБ дучор мешавад.

Коргардони ин филм Фаннӣ Ардант-ҳунарманди фаронсавӣ мебошад. Таҳияи ин филмро як ширкати муштараки Фаронсаву Португалия бар уҳда дорад. Студияи давлатии “Мосфилм”-и Русиятаҳияи либосҳоро бар уҳда гирифтааст.

Депардйе 67 сола аст ва дар соли 2013 бо фармони Владимир Путин шаҳрвандии Русияро гирифт. Вай ошкоро аз Фаронса интиқод кард, ки молиёташ зиёд аст ва вай дар хориҷ зиндагӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG