Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси парвандаи Абдулло Ҳабибов паси дарҳои баста ҷараён дорад


Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов

Додгоҳи Душанбе ба мурофиаи генерал Абдулло Ҳабибов, ки алайҳи ӯ бо айби "худсарона ишғол намудани замин ва сохтмони худсарона дар он" парванда боз шудааст, рӯзноманигоронро роҳ надод.

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 28 декабр ба баррасии парвандаи генерал Абдулло Ҳабибов, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон оғоз кард, ки барои "худсарона ишғол кардани замин ва сохтмони худсарона дар он" муттаҳам мешавад. Ин парванда аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боз шудааст.

Масъулони додгоҳ ба мурофиаи парвандаи Абдулло Ҳабибов хабарнигоронро роҳ надоданд ва ҳоло мурофиа паси дарҳои баста идома дорад. Абдуҷалил Абдуҷабборов, вакили мудофеи Ҳабибов 28 декабр ба Озодӣ гуфт, ки додгоҳ зикр кардааст, иштироки рӯзноманигорон ба ҷараёни мурофиа халал ворид мекунад ва аз ин рӯ баҳси додгоҳӣ паси дарҳои баста сурат хоҳад гирифт.

Додгоҳи шаҳри Душанбе бинобар ваколат надоштани адвокати Абдулло Ҳабибов рӯзи баргузории мурофиаро аз 22 декабр ба 28 декабр гузаронда буд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи собиқ муовини вазири дифои кишвар Абдулло Ҳабибов бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он” парванда боз намудааст. Худи генерал Ҳабибов рӯзи 23 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки ин парванда барои як сотих замини масоҳати масҷид, ки ҳанӯз сохтмони он ба анҷом нарасидааст ва бар асоси шикояти чанд нафар аз сокинони биноҳои атрофи ин сохтмон ифтитоҳ шудааст. Ин масҷид, қарор аст, дар наздикҳои маҳаллаи маъруф ба "Автовокзал"-и ноҳияи Синои пойтахт бунёд шавад.

Абдулло Ҳабибов афзуд, ки барои сохтмони ин масҷид ҳудуди 30 то 50 метр қитъаи замин аз ҳукумати шаҳр иҷозати расмӣ гирифта ва сохтмонро оғоз карданд. Вале вақте раиси Шӯрои уламои маркази исломиро барои дақиқ кардани макони меҳроб даъват намуданд, бо маслиҳати вай танҳо ду бурҷи масҷид андаке тағйир хӯрдааст ва дар натиҷа барои як сотих қитъаи он алайҳи ӯ парванда боз кардаанд.

Абдулло Ҳабибов гуфт, ки барои қонунӣ кардани ҳамин қитъаи замин ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ муроҷиат карданд ва ин ниҳод низ ба ин мувофиқат кард. Вале баъдан ба онҳо супориш шудааст, ки сертификат дода нашавад ва ҳоло баҳс фақат рӯи ҳамин як сотих замин идома дорад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Абдулло Ҳабибов, гӯё ду бурҷи масҷид истиқоматкунандагони биноҳои атрофро халал расонидааст ва чанд нафари онҳо, ки дар миёнашон омӯзгорон низ ҳастанд ва номашон ҳамчун ҷабрдида рафтааст, дар ин бора шикоят кардаанд.

Парванда алайҳи генерал Абдулло Ҳабибов ба иттиҳоми "худсарона ишғол намудани замин ва сохтмони худсарона дар он" дар ҳолест, ки қаблан мақомот дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар дари бархе аз масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаро, ки бидуни сабти номи расмӣ фаъолият мекарданд, баста буданд.

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1 майи моли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав мебошад. Абдулло Ҳабибов номзади илми таърих буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи генерал Ҳабибов барои ишғоли замин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

XS
SM
MD
LG