Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ғайриинтизори Модӣ аз Покистон


Нарендра Модӣ ва Навоз Шариф
Нарендра Модӣ ва Навоз Шариф

Нарендра Модӣ-нахуствазири Ҳиндустон барои як боздиди ғайримунтазира вориди Покистон шуд. Ин нахустин боздиди вай аз кишвари рақибаш дар минтақа мебошад. Ин боздиди аз қабл эълонннашуда нишонаи нармиш дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсояи дорои аслиҳаи ҳастаӣ мебошад.

Ҳавопаймои Нарендра Модӣ 25 декабр дар фурудгоҳи Лоҳур ба замин нишаст ва аз вай Навоз Шариф-нахуствазири Покистон пазироӣ кард. Баъд аз ду соати гуфтугӯ дар иқоматгоҳи худ Навоз Шариф бо Модӣ ба фурудгоҳи Лоҳур баргашт ва Нарендра Модиро гусел кард.

Айзоз Аҳмад Чоудрӣ--вазири корҳои хориҷаи Покистон ба хабарнигорон гуфт, ки мулоқоти Навоз Шариф ва Нарендра Модӣ “дар фазои самимиву мусбат” анҷом гирифт. Модӣ 25 декабр ҳамчунин аз Кобул боздид ва бо Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон дидору гуфтугӯ кард. Вай ҳамчунин дар порламони Афғонистон суханронӣ намуд.

XS
SM
MD
LG