Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 43 кас дар садамае дар Афғонистон


Вазорати дифои Афғонистон хабар дод, ки бар асари ба ҳам бархӯрдани автобус ва як мошини боркаш дар шимоли кишвар дасти кам 43 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар хабари вазорат аз рӯзи 25 декабр гуфта шудааст, миёни қурбониёни фоҷиа, ки рӯзи панҷшанбе дар наздикиҳои мавзеи Ҳазрати Султони Самангон рӯй дод, занону кӯдакон ҳам ҳастанд. Дар ин ҳодиса 17 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Автобус бо беш аз 50 мусофир аз Кобул сӯи шаҳри Мазори Шариф ҳаракат мекард.

Роҳҳои Афғонистон хатарборанд ва ҳодисаҳои ҳалокати одамон дар садамаҳои нақлиётӣ зиёд рӯй медиҳанд.

Моҳи май бар асари ба ҷарӣ сарозер шудани як микроавтобус дар вилояти ғарбии Бодғиз 18 нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG