Тибқи иттилои манобеъи Раёсати умури дохилаи вилояти Ӯши Қирғизистон, дар ҷараёни як амалиёти вижа дар минтақаи Ҷалолободи Қирғизистон дар рӯзи гузашта як гурӯҳи ифротгарои байналмилалӣ боздошт шудааст.
Ба ҳангоми боздошт аз назди аъзои гурӯҳ 1 адад таппончаи тамғаи Макаров бо 100 адад тир, таппончаи “Наган”, ниқоб, дискҳои ДВД ва флешкортҳо кашф ва мусодира шудаанд.
Жениш Ашӯрбоев, сухангӯи Раёсати умури дохила дар вилояти Ӯш ба бахши қирғизиии Радиои Озодӣ гуфт, дар ин гурӯҳ ду шаҳрванди Ӯзбакистон ва чаҳор табаъи Қирғизистон узвият доштаанд.
Аъзои ин гурӯҳ дар куштани Юсуфҷон Абдуҷалилови 37-сола, сокини деҳаи Қашқарқишлоқ, воқеъ дар атрофи шаҳри Ӯш дар рӯзи 22 декабри соли ҷорӣ гумонбар ҳастанд. Дар бадани марҳум 9 захми тир ба мушоҳида расидааст.
Ҳамчунин, аъзои ин гурӯҳ дар ғорат ва лату кӯби як сокини шаҳри Қорасув дар рӯзи 18 декабр гумонбар шудаанд.
Ба гуфтаи Жениш Ашӯрбоев, афроди боздоштшудаи ин гурӯҳи ифротгаро аз Ҷалолобод ба шаҳри Ӯш мунтақил шудаанд.
Гуфта мешавад, ду шаҳрванди боздоштшудаи Ӯзбакистон сокинони шаҳрҳои Самарқанду Тошканд будаанд. Ҳамакнун таърихи вуруди ин афрод ба Қирғизистон ва ҳадафҳои сафари онҳо аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ мушаххас хоҳад шуд.
Ба гуфтаи масъулони ниҳодҳои интизомии вилояти Ӯши Қирғизистон, бар асоси санад ва адабиёте, ки дар манзили аъзои ин гурӯҳ пайдо ва мусодира шудааст, аз мансубияти ин гурӯҳ ба ҷараёнҳои динии ифротӣ шаҳодат медиҳад. Ҳоло милитсия мушаххас хоҳад кард, ки онҳо ба кадом аз ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ муталлиқ ҳастанд.
Чинитаборхои мукимии точикистон? Аз кай боз чиниён мукимии точикистон шудан? Мо бародарони точики худро аз афгонистон дар дахсолахои зинданюгияшон ва бародарони хамзабони эронии худро шахрванди намедихему ва мукими нестан боз чиниён мукими шудан?
Ту Кадом заминро дар назар дори?Бехтараш Зиёда аз хазор км мураббаь замине ки ба чинихо додем ба хотир биер.Як фоизи замини точикистон...
Устод барои давлату миллат хизматхои зиёд кардаанд. Давомдихандаи кори он кас фарзандонашон мебошанд. Худованд бихиштро насибашон гардонад. Ба фарзандону наздиконашон сабр мехохам.
Пайваст шудан ба ин узв ба халки чафокаши Точикистон фоида дорад. .касе сер парвои грусна надорад !
Ана барои чи Афгонистон обод намешавад, аз эхтимол дур нест, ки ин маблагхо барои нооромию дигар хадафхои нопок равона шудаанд. Оё мумкинамт ин микдор тиллоро бе ичозати хукумат аз давлат барори албатаине, пас ин макомдор тарки Афгонистон кардани будааст бади он ки дороихояшро барорад