Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия дар рӯбарӯи гуфтушуниди сахту сарнавиштсоз


Димишқ эълом дошт, ки барои ширкат дар гуфтушуниди сулҳ бо мухолифин омода аст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар музокироти Женева ҷонибҳои даргир дар Сурияро баҳсҳои шадид дар интизоранд

Димишқ изҳор намуд, ки барои гуфтушунид бо мухолифонаш омода аст. Қарор аст, ки музокирот охири моҳи январ дар шаҳри Женева таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид сурат бигирад. Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои чиноияш Ванг Йи дар Пекин рӯзи 24 декабр изҳори умедворӣ кард, ки музокирот ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллии Сурия мусоидат мекунад. Аммо ӯ таъкид кард, ки Димишқ ба дахолати беруна ба гуфтушунид оид ба фардои Сурия иҷоза нахоҳад дод. Ҳайати ҳукуматӣ баъд аз он тасдиқ карда хоҳад шуд, ки мухолифин рӯйхати худро пешниҳод кунанд, гуфт Валид ал-Муаллим.

Валид ал-Муаллим
Валид ал-Муаллим

Ҳадс зада мешавад, ки ҷонибҳоро музокироти сангине дар пеш аст. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, баъд аз нишасти Шӯрои амнияти СММ, ки дар он қатънома оид ба Сурия қабул шуд, иқрор намуд, ки фароянди дастёбӣ ба сулҳ дар Сурия сахт ва мушкил хоҳад буд.

Ҳасани Ҳошимиён, таҳлилгари сиёсии муқими Истамбул, мегӯяд, айни ҳол на Димишқ ва на яке аз ҳомиёни асосияш дар минтақа Эрон моил нестанд, ки дар Сурия интихоботи воеъан озоду демократӣ баргузор ва ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис шавад. Аз ин пеш ҳукумати Башор Асад мегуфт, ки мо оппозитсиюн надорем ва мухолифин ҳамаашон парокандаанд, вале нишасте, ки дар шаҳри Ар-Риёз бо ҳузури гурӯҳҳои мухолифи давласти Сурия баргузор шуд, ин баҳонаро аз Башор Асад гирифт, мегӯяд Ҳасани Ҳошимиён. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, акнун Башор Асад маҷбур аст, ки вориди гуфтугӯ бо мухолифин шавад, аммо натиҷаи ин гуфтугӯ мавриди дилхоҳи Димишқ ва Теҳрон нахоҳад буд.

Понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ рӯзи 18 декабр бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Дар қатънома ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайри фирқаӣ" дар шаш моҳи оянда ва баргузории интихоботи озоду одилона бар пояи Қонуни асоси нав тайи 18 моҳ пешбинӣ шудааст. Ин масоил бояд дар меҳвари нишасти Женева қарор бигиранд.

Ҳасани Ҳошимиён мегӯяд, ки чанд мавзӯъ, аз ҷумла, сарнавишти раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, шояд барои расидан ба тавофуқ дар музокироти Женева мушкилсоз шавад. .

Аммо Ризо Тақизода, таҳлилгари сиёсии муқими шаҳри Глазго бар ин аст, ки Теҳрон мавқеъи худ дар мавриди шарту шароити эътидоли авзоъ дар Сурия ва сарнавишти Башор Асадро бозбинӣ ва каме мулоимтар мекунад. Ӯ ба як изҳороти ахири як мақоми аршади эронӣ ишора кард, ки ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, Русия ва Эрон дар бораи сиёсати ягонае тасмим гирифтанд, ки ба манфиати Маскав, Теҳрон ва Димишқ бошад. Агар суриягиҳо тасмим гирифтанд, ки Башор Асад бояд мақомашро тарк намояд, он вақт ӯ маҷбур аст, ки биравад ва Маскаву Теҳрон аз сари қудрат омадани раҳбари дигар истиқбол хоҳанд кард. Албатта, ба шарте, ки раҳбари нав ҳам аз хатти кашидаи Маскаву Теҳрон берун пой нагузорад, мегӯяд мусоҳиби мо.

Дар ҷангҳои Сурия чанд афсару сарбози эронӣ кушта шудаанд
Дар ҷангҳои Сурия чанд афсару сарбози эронӣ кушта шудаанд

Ба гуфтаи Ризо Тақизода, Маскав ба Вошингтон паём дод, ки омода аст аз Башор Асад убур кунад. Ба назар мерасад, ки раҳбари феълии Сурия ҳам омода аст бо аҳли хонаводааш дар кишвари дигаре, бигирем, дар Русия мустақар шавад ва бӯҳрони Сурияро пушти сар гузорад. То ҳол фақат пойфишории Эрон аст, ки Башор Асадро водор сохтааст то барои идомаи қудрат аз болои Сурия исрор варза, мутмаин аст таҳлилгар. Баъд аз тасмими Маскав барои "таслим"-и Башор Асад Теҳрон ҳам маҷбур аст аз ҳамин мавқеъ кор бигирад.

Ёдовар мешавем, ҳамагӣ ним сол пеш Маскаву Теҳрон ба таври қотеъ мегуфтанд, ки Башор Асад фақат баъд аз шикаст дар интихоботи президентӣ метавонад аз қудрат биравад. Ризо Тақизода ҳам мегӯяд, ки музокироти Женева хело сангин хоҳад гузашт ва ба созиш расидани ҷонибҳо байид ба назар мерасад.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, ки панҷ сол боз идома дорад, дасти кам 250 ҳазор кас ба ҳалокат расидаанд ва беш аз 3 миллион нафар овора шуданд.

XS
SM
MD
LG