Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 кас дар суқути ҳавопаймо дар Ҳинд


Акс аз ҷойи ҳодиса
Акс аз ҷойи ҳодиса

Бар асари ба девор бархӯрдану оташ гирифтани як ҳавопаймо дар канори шаҳри Ню-Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, даҳ нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои мақомоти амниятӣ, ин ҳавопаймо, ки аз сӯи нерӯҳои марзбонии кишвар иҷора гирифта шуда буд ва сӯи шаҳри шарқии Ранчӣ парвоз мекард, рӯзи 22 декабр чанд лаҳза баъд аз тарки фурудгоҳ ба замин сарозер шуд.

Бештари мусофирони ҳавопаймо кормандони фаннӣ буданд.

Сабаби суқути ҳавопаймо маълум нест. Телевизионҳои кишварҳои сабтҳоеро намоиш доданд, ки мошинҳои сӯхторнишонӣ сӯи ҳавопаймои оташгирифта мешитофтанд.

XS
SM
MD
LG