Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ «маликаи ҳусн» интихоб шуд


Дар Ироқ ғолиби нахустин озмуни зебоии баъд аз соли 1972 Шайма Қосим гуфт, фаъолияти ҷадиди вай бояд баёнгари он бошад, ки: Ироқ мисли пешин «кишвари зебоӣ ва фарҳанг дар муқобили терроризм ва хушунат аст».

Шайма Қосими 20-сола ғолиби озмуне, ки дар як меҳмонсарои Бағдод зери чораҳои амниятии шадид баргузор шуд, эълон гардид. Донишҷӯи бахши иқтисод аз шаҳри Киркук дар чорабинии бидуни машрубот аз миёни 9 иштирокчӣ ғолиб дониста шуд. Ин чорабинӣ бо ташаббуси созмони иҷтимоии Бунёди Ал-Мада дар умури расонаҳо, фарҳанг ва иттилоот барпо шуд.

Телевизиони Ал-Арабия хабар дод, ки дар ибтидо баргузории чорабинӣ моҳи октябр пешбинӣ шуда буд, аммо баъди танқиди руҳониён ин озмун ба вақти дигар кӯчид. Ду иштирокчӣ баъди таҳдидҳо номзадии худро пас хонданд.

XS
SM
MD
LG