Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб (АМА) масоили марбут ба рафъи авоқиби заминларзаи 7 декабри соли ҷорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов зимни дидор бо Муҳамад ас-Сувайдӣ, раиси кулли Хазинаи Абӯ Забии ин кишвар хостори мусоидат барои рафъи авоқиби офтаи табиӣ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон шудааст.
Зимнан, рӯзи 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон зиёни заминларзаи 7-уми декабрро миллионҳо сомонӣ гуфтанд. Дар ин зилзила 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Садҳо хонаи сокинон ҳам дар пайи ин зилзила вайрон шудааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз нахустин кишварҳои хориҷист, киба осебдидагони зилзилаи рӯзи 7-уми декабр дар вилояти Бадахшон ба маблағи 100 ҳазор доллар кӯмакҳои инсонӣ расонидааст.
Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе, ин кӯмакҳо, иборат аз сару либос, хаймаҳо ва таҷҳизоти сохтмонӣ буда ва ба зарардидагони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рӯшону Шуғнон тавзеъ шудаанд. Ин кӯмакҳо ба зарардидагони зилзилаи Бадахшон тариқи Дафтар оид ба кӯмаки кишварҳои хориҷӣ ҳангоми офатҳои табиӣ (OFDA) ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) тақдим шудаанд.