Понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ рӯзи ҷумъа, 18 декабр, бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Тасвиби ин қатънома нишонаи камсобиқа аз тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи ҷанг дар Сурия аст. Дар даргириҳои чаҳорсолаи Сурия то ба ҳол садҳо ҳазор кас кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.
Ин қатънома хостори ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайри фирқаӣ" дар шаш моҳи оянда шуда ва мегӯяд, дар "18 моҳи оянда интихоботи озод ва одилона бар асоси Қонуни асоси нав баргузор хоҳад шуд."
Дар ҳамин ҳол, Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико низ гуфтааст, ки фароянди дастёбӣ ба сулҳ дар Сурия сахт ва мушкил хоҳад буд.
Дар қатъномаи Шӯрои амният аз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ хоста шудааст, ки заминаҳои музокироти намояндагони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад ва мақомҳои давлатии Сурия барои ташкили давлати интиқолиро то авоили моҳи январи соли 2016 фароҳам кунад.
Талошҳо барои барқарории оташбас дар ҷараёни музокироти сулҳ байни намояндагони ҳукумати Димишқ мухолифон оғоз хоҳад шуд, гуфта шудааст дар қатънома. Қарор аст, ки Дабири кулли СММ низ дар аввали моҳ пас аз тасвиби ин қатънома гузорише аз назорати худ бар сари раванди таҳаввулоти Сурия ироа кунад.
Қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар айни ҳол таъкид мекунад, ки оташбас шомили гурӯҳҳое, ки террористӣ эълон мешаванд, нахоҳад шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин қисмати қатънома, ҳамлаҳои ҳавоии Эътилофи таҳти фармони ИМА ва зарбаҳои ҳавоии Русия ба пойгоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия бо вуҷуди оташбаси эҳтимолӣ идома хоҳад дошт.
Мавзӯи мушахаас кардани гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия дар музокироти вазирони умури хориҷии 20 кишвари ҷаҳон дар Ню-Йорк рӯзи 18 декабр баррасӣ шуд. Айни ҳол Урдун феҳристе аз гурӯҳҳоеро, ки бояд ба "рӯйхати сиёҳи созмонҳои терроритӣ" шомил шаванд, ироа кардааст, аммо дар ин бора алҳол тавофуқе ҳосил нашудааст.
Чавоб "Консалтинг. Int". Пеш аз он, ки як суханро мегуед, каме андеша кунед, оё дуруст мегуед ё не. Имруза Хукуматдорони киргиз хама махкумшуда хаст ё не мо ба онхо кордор нестем ва ба шахсияташон дахолат намекунем. Аммо ин маънои онро надорад, ки онхо бо рохи зуровари сари кудрат омаданду боз бо рохи зуровари ё ба кавли Шумо барои Ворух дар пеш муштзани аст, мо точиконро наметарсонад. Мо дар хар сурат хама омодаем, барои хифзи марзи Ватан мубориза мебарем. Зеро Точикистон ва хар як вачаб замнии он ба мо мукаддас буда, Ватани азизи мо мебошад.
Хамин рохбарои россия бо мо шарики стратегияи мегуен дар хар вохури хаминчо малум нест, ки чашми дидан надоранд моро.
Ту худат магар як Иззат Амонро дида тонисти? Озоди ба Иззат Амон
И амаки махди холо хам аз димогаш буи шурави меояд. Соли 92 ин айби мани 20 25 сола нест, ки харруз шунавам. Безор кардед. Соли 45 олмонро ба хок яксон карданд. Соли 55 алакай бахуд омад. О моба 30сол шуд...... Э раве..,
Чунки ту мусалмон нести. Ту аз мехри модар хабар надори. Зан . Модарай хоҳарай апаҳай ва г. Барои як бадбахт нисбати зан бад магу