Бар асари ғарқ шудани як киштӣ бо муҳоҷироне, ки мехостанд то ба соҳилҳои Юнон бирасанд, дасти кам 18 нафар ҷон бохтанд. 14 каси онҳо тавонистанд, ки наҷот ёбанд. Хабаргузории туркии Dogan рӯзи 19 декабр навишт, ки киштӣ тақрибан севуним километр дуртар аз соҳилҳои шаҳри Бодруми Туркия ғарқ шудааст. Мусофирони киштӣ шаҳрвандони Ироқ, Покистон ва Сурия буданд. Афроди наҷотёфта, ки вазъи баъзеяшон вахим аст, ба бемористони шаҳри Бодрум интиқол ёфтанд.
Имсол тақрибан 500 ҳазор муҳоҷир, асосан шаҳрвандони Сурия ва Ироқ, талош карданд, ки аз тариқи Туркия ба ҷазираҳои Юнон бирасанд. Бо вуҷуди сард шудани ҳаво ва вазъи номусоиди баҳр талоши вуруд ба Аврупо ҳамоно идома дорад, ҳарчанд, ба гуфтаи мутахассисон, ба карат коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, соли равон тақрибан 600 нафаре, ки мехостанд аз тариқи «маршрути шарқӣ»-и баҳри Миёназамин вориди Аврупо шаванд, дар ҳодисаҳои гуногун ба ҳалокат расиданд.