Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон ваколати вакил аз фраксияи «Республика-Ата-Журт» Жиргалбек Саматовро баъди ду рӯзи эътои он боз хонд. Дар ин бора Комисияи марказии интихоботӣ хабар медиҳад.
Бино бар хабари ин ниҳод, билохира дақиқ шудааст, ки Саматов ҳамзамон ҳам шаҳрванди Қирғизистон ва ҳам шаҳрванди Русия аст.
Ба Болотбек Иброимҷонов, ки Саматов ба ҷои вай 14 декабр вакили парлумон шуд, ҳамаи салоҳиятҳои вакилӣ баргардонида шудааст.
Жиргалбек Саматов изҳор медорад, ки қарори Комисияи марказии интихоботӣ ғайриқонунист ва вай дубора ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Ёдрас мешавем, қаблан додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек Комисияи интихоботиро вазифадор кард, ки аризаи Жиргалбек Саматовро дар мавриди дарёфти ҳаққи вакилӣ баррасӣ намояд. Ба ҷуз ин Додгоҳи олӣ эътироф кард, ки номзад шаҳрвандии Русияро надорад.