Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи ҳавопаймоии миёни Покистону Тоҷикистон


Масъулони ширкатҳои ҳавоии Покистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Исломобод Созишномаи хадамоти ҳавопаймоиро имзо карданд.

Ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии Муҳаммад Юсуф, масъули ширкати ҳавоии ин кишвар бо ҷониби Покистон мавзӯъи ититоҳи хаттҳои нави парвозҳои мустақим дар масири ДушанбеЛаҳор ва Душанбе-Исломободро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Покистон, мақомоти ширкати ҳавоии ин кишвар аз пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон истиқбол карда ва ин амрро дар тавсеъаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва рушди ҷаҳонгардӣ муҳим арзёбӣ кардаанд.

Дар назар аст, пас аз баррасии ҳамаҷониба ҷонибҳо дар моҳи январи соли оянда дар шаҳри Душанбе дидор карда ва дар ин замина Ёддошти ҳусни тафоҳумро имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG