Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н. Шариф: Қасоси донишомӯзонро мегирем


Навоз Шариф-нахуствазири Покистон эълон кард, ки барои қатли 122 донишомӯзи мактабе дар Пешовари Покистон қасос хоҳад гирифт. Вай ин суханонро дар мулоқот бо гурӯҳи кӯдаконе изҳор дошт, ки дар ҳамлаи соли гузаштаи Толибон дар ин мактаб ҷароҳат бардоштаанд.

Навоз Шариф гуфт, барои ҳар қатраи хуни рехташуда қасос хоҳад гирифт. Вай ин суханонро дар маросими ёдбуди қурбониёниин ҳамла изҳор дошт ва дар он хонаводаҳои қурбониён, раҳбарони сиёсиву низомӣ ва варзишгарони маъруф ширкат доштанд ва ин маросим мустақим аз телевизион пахш мешуд.

Баъд аз ҳамла ба мактаб Покистон мубориза бо тундравҳои исломиро тақвият дод, мараторияи ҳукми қатлро аз миён бардошт ва тундравҳои исломиро дар додгоҳҳои низомӣ ба мурофиа кашид.

Аритиши Покистон иддао мекунад, ки дар давоми 19 моҳи гузашта 3 400 нафар тундравҳои исломиро ба қатл расондааст.

XS
SM
MD
LG