Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ ва Лавров дар Маскав мулоқот карданд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА ва ҳамтои русаш Сергей Лавров рӯзи 15 декабр дар Маскав мулоқот карданд. Дар ибтидои ин сӯҳбат Лавров аз ҷумла, изҳор намуд, ки Русия аз Вошингтон истифодаи нуфузаш ба Киев барои ҳалли низоъ дар шарқи Украинаро интизор дорад.

Ҷон Керрӣ мехоҳад, ки бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҷуз раванди иҷрои созиши сулҳ дар Донбас, ҳамчунин гомҳои минбаъда барои ҳалли сиёсии вазъи Сурияро баррасӣ кунад. Амрико ва Русия дар мавриди ҳалли бӯҳрони Сурия назарҳои мухталиф доранд. Вошингтон ва ҳампаймонҳояш мутмаинанд, ки эътидол дар Сурия бидуни истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад номумкин аст. Аммо Маскав бо ин гуна мавзеъгирӣ розӣ нест.

Ба иттилои Кохи Сафед, Ҷон Керрӣ дар музокирот дар Маскав рӯи мавзӯи таниш дар робитаҳои Русиява Туркия ҳам тамаркӯз хоҳад кард.

Ин дуввуми сафари Ҷон Керрӣ ба Русия дар соли равон аст – моҳи май ӯ дар шаҳри Сочи бо Владимир Путин дидору гуфтугӯ дошт.

XS
SM
MD
LG