Бино ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти масоили сулҳи Стонкголм (SIPRI), дар зарфи 7 соли ахир маблағгузорӣ ба бахши низомӣ дар Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи гузориши ин ниҳод, агар буҷети бахши низомии Тоҷикистон дар соли 2008 муодили 50 миллион доллари амрикоӣ буд, ин рақам дар соли гузашта ба 104 миллион доллар расидааст.
Бад ин тартиб, махориҷи низомӣ дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 7,2 доллари соли 2008 то ба 12,4 доллар дар соли 2014 афзоиш ёфтааст.