Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Россия сегодня" коргаронашро дар Тоҷикистон ҷавоб дод


Дмитрий Кисилев
Дмитрий Кисилев

"Россия сегодня" - бузургтарин оҷонсии иттилоотии Русия, ки як сол қабл ба Тоҷикистон омада чанде аз хабарнигоронро барои кор дар ин расона ҷалб карда буд, коргаронашро ҷавоб додааст.

"Россия сегодня", бузургтарин оҷонсии иттилоотии давлати Русия, рӯзи 14 декабр як гурӯҳи бузурги кормандонашро дар Душанбе ҷавоб додааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии "Россия сегодня" рӯзи 15 декабр дар як посухи хаттӣ ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин хабаргузорӣ "Оҷонсии байналмилалии иттилоотии "Россия сегодня" ҳеҷ гоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ боз накарда буд, аз ин рӯ, сӯҳбат дар бораи бастани он дуруст нест. Сухан дар бораи бозсозии кадрӣ меравад, ки ба шабакаи хабарнигорони оҷонсӣ дар Тоҷикистон низ дахл дорад. Қарордоди қисме аз хабарнигороне, ки мӯҳлати қарордодашон ба поён мерасад, тамдид карда намешавад."

Дафтари матбуоти хабаргузории русӣ бозсозии кадриро чорабиние тибқи нақша унвон карда гуфт, ки он ба фаъолияти эҷодии оҷонсӣ таъсир нахоҳад гузошт. Дар номаи "Россия сегодня" ҳамчунин гуфта мешавад, ки дархости онҳо барои кушодани намояндагӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар дасти баррасии вазорати хориҷаи ин кишвар қарор дорад.

Вале хабарнигорони "Россия сегодня", ки аз он "фарзанди маънавӣ"-и Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия низ ном бурда мешавад, дар ҳоле ҷавоб дода мешаванд, ки Маскав ба далели таҳримҳои Ғарб, поёнравии ба шиддати қурби рубли русӣ, набардаш бо ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва робитаи зери соя уфтодааш бо Туркия рӯзҳои сахтро паси сар мекунад. Афроди огоҳ низ мегӯянд, эҳтимол мушкилоти иқтисодӣ дасти Маскавро барои иҷрои ин тарҳи як соли пеш ба Тоҷикистон овардааш кӯтоҳ кардааст.

Бархе аз хабарнигорони "Россия сегодня"​ дар Душанбе 15 декабр аз сӯҳбат бо мо дар бораи аз кор ҷавоб шуданашон худдорӣ карданд. Аммо як манбаи наздик ба намояндагии "Россия сегодня"​ дар Тоҷикистон гуфт, ки то кунун барои кор дар ин расонаи русӣ 15 нафар ҷалб шуда буданд ва даҳ нафари онҳо то охири моҳи декабр ҷойи корашонро аз даст хоҳанд дод. Ба иттилои манбаъ, ҳамагӣ панҷ нафар барои идомаи кор дар Душанбе боқӣ мондаанд.

Ҳамин манбаъ мегӯяд, намояндагони "Россия сегодня" дар Душанбе рӯзи 14 декабр дар пайи як ҷаласа гуфтаанд, ки тасмими охири онҳо на ба мушкили молӣ, балки тӯлонӣ шудани ҷараёни сабти номи расона дар Тоҷикистон марбут аст. "Ва онҳо ба баъзе аз хабарнигорони тоҷик низ пешниҳод кардаанд, ки корашонро дар Маскав идома диҳанд," -- афзуд манбаъ.

"Russia Today" як соли пеш намояндагияш дар Тоҷикистонро боз кард, аммо ба далели сабти ном нашуданаш дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон натавонист расман корашро пеш барад. Як корманди масъули Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ, 15 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, масъалаи сабтиноми "Russia Today" дар дасти баррасист ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Ин оҷонсии иттилотии Русия, ки таҳти раҳбарии яке аз мубаллиғони барҷастаи сиёсатҳои Кремл - Дмитрий Киселев кор мекунад, тайи як соли гузашта гурӯҳе аз хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистонро ба кор ҷалб кард. Дар оғоз раҳбарии намояндагии "Россия сегодня"-ро дар Тоҷикистон Парвина Ибодова бар ӯҳда дошт ва баъдан ин вазифа ба дӯши Дмитрий Писаренко афтод. Охирҳои моҳи ноябр Писаренко низ ба Маскав бозхонд шуд ва ҳоло ӯ раиси дафтари "Россия сегодня" дар Арманистон аст.

Оҷонсии байналмиллалии иттилоотии "Россия сегодня" ​корхонаи воҳиди давлатии федералӣ аст, ки аз сӯи Владимир Путин дар заминаи оҷонсии “РИА Новости” ва радиои “Голос России” ба хотири таблиғи сиёсати давлатии Русия дар хориҷ моҳи декабри соли 2013 ташкил шудааст. Ин расона ҳоло бо номи “Спутник” низ фаъолият дорад, ки ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла форсӣ, узбакӣ ва қирғизӣ низ хабар нашр мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 10 расонаи русӣ, ба шумули шабакаҳои телевизионии “Россия” ва “ОРТ”, “ТАСС”, “Фото “Итар ТАСС”, рӯзномаҳои “Транспорт России”, хабаргузориҳои “Регнум” ва “Интерфакс” фаъолият доранд. Танҳо ду расонаи пойгоҳи низомии 201 – “ТВ 201” ва “Солдат России” бар пояи созишномаи миёни ду кишвар фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, рӯзномаи “Российская газета” низ ният дорад дар Тоҷикистон дафтари худро боз карда бо иловаи замимаи хабарҳои Тоҷикистон онро дар Душанбе ба нашр расонад.

То ба ҳол расонаҳои Русия дар Тоҷикистон яктоӣ хабарнигор доранд, ки барои хонандагони ин кишвар матлаб таҳия мекунанд. Вале "Россия сегодня" барои бахшҳои русӣ ва тоҷикии намояндагии ин расона дар Тоҷикистон 15 хабарнигорро истихдом карда буд.

XS
SM
MD
LG