Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими ҷоизаҳои Айтматов дар Лондон


Дар Лондон ҷоизаҳои ба номи нависандаи маъруф Чингиз Айтматовро ба барандагон тақдим намуданд. Маросими панҷуми ҷоизасупорӣ дар Палатаи лордҳои порлумони Бритониё баргузор шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Анҷумани "Замондош" хабар доданд.

Имсол профессор Люмила Алексеевна Вербитская, раиси донишгоҳи Давлатии Санкт-Петербург барои заҳматҳои солиёнааш дар густариши забон, адабиёт ва фарҳанги рус дар тамоми ҷаҳон, профессор Ерлан Сиддиқов - раиси донишгоҳи АвруОсиёгии ба номи Л.Н.Гумилев дар Остона барои таблиғи файласуф, шоир ва тарҷумон Шокарим Кудайбергенов дар Қазоқистон ва берун аз он ва барои пуштибонии фаъолияти Академияи Айтматов дар Қазоқистон бо ҷоизаи ба номи Айтматов қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин бо ҷоизаи Айтматов ҳунарманди турк Кадир Инанир, тарҷумон аз Шри-Ланка Чулананда Самаранаяке ва гурӯҳи муаллифон барои тарҷумаи бархе аз асарҳои Чингиз Айтматов ба забони юнонии навин сарфароз шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Чингиз Айтматов аз соли 2011 аз сӯйи Академияи Айтматов, ки дар Лондон таъсис шудааст, дода мешавад.

XS
SM
MD
LG