Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бердимуҳаммадов дар Ишқобод


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шомгоҳи рӯзи 11 декабр дар шаҳри Ишқобод бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон дидору гуфтугӯ намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, масоили вобаста ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энержӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар баҳсу баррасӣ шудааст. Раҳбарони ин ду кишвар ҳамчунон оид ба суботу амният дар минтақа суҳбат кардаанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманаш дар ҳошияи Конфронси байналмилалии "Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ барои сулҳ, амният ва рушд" ба муносибати 20-солагии бетарафии Туркманистон, сурат гирифтааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр ба манзури ширкат дар ин конфронс бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президент дар умури робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигари шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG