Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон бо раҳбари курдҳои Ироқ мулоқот кард


Раҷаб Тайип Эрдуғон ва Масъуд Боризонӣ
Раҷаб Тайип Эрдуғон ва Масъуд Боризонӣ

Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия дар Анкара бо раҳбари минтақаи Курдистони Ироқ мулоқот кард, то аз роҳҳои дипломатӣ мубоҳисотро роҷеъ ба ҳузури нируҳои Туркия дар шимоли Ироқ ҳал кунанд.

Бино ба гузоришҳо, Эрдуғон ва Масъуд Боризонӣ-раҳбари Курдистони Ироқ роҳҳои мубориза бо терроризмро баррасӣ кардаанд. Мубориза бо терроризм яке аз сабабҳоест, ки Туркия ба Курдистони Ироқ ворид шудааст.

Туркия мегӯяд, ки мехоҳад нируҳои Пешмаргаи курдро машқ диҳад, то онҳо бар зидди шӯришиёни Давлати Исломӣ мубориза баранд.

Боризонӣ бо Анкара робитаи тӯлонӣ дорад ва ғайриинтизор аз Туркия боздид кард. Вай дар ҷараёни боздиди дурӯзаи худ ба Созмони кашфи миллӣ рафт ва бо Ҳоқон Фидон-раиси кашфи Туркия дидор ва гуфтугӯ дошт.

Ин ду раиси ҷумҳур баъд аз дидори якунимсоатаи худ изҳороте пахш накарданд, вале Эрдуғон ба шабакаи телевизионии Ал Ҷазира гуфт, ки нируҳои Туркия бо дархости соли 2014-и раҳбари Ироқ дар ин кишвар ҷойгир шудаанд, вале то ҳамин ҳафта дар ин бора чизи нагуфтаанд.

Эрдуғон гуфт: “Ҳайдар Абадӣ аз мо хоста буд, ки барои машқ додани сарбозони онҳо кӯмак кунем ва мо бо дархости вай соли 2014 дар Башиқа урдугоҳи машқу тамрин дуруст кардем”. Вале то ҳол Абадӣ дар ин бора ҳарфе ба забон наовардааст.

XS
SM
MD
LG