Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯи 20-сола дар шаҳри Туркистон, ки худсӯзӣ кард, дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ шудааст, хабар медиҳад мақомоти умури дохилии вилояти Ҷанубии Қазоқистон.

Тавре сухангӯи вилоят Салтанат Каракозова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст, иттилоъ дар бораи ҳодисаи худсӯзии ҷавон ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Туркистон шаби 7 декабр расидааст. Хабар дода мешавад, ки донишҷӯ дар манзилаш худсӯзӣ карда, 90 дарсади пӯсти ӯ сӯхтааст.

Ба гуфтаи Каракозова, феълан донишҷӯ дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ аст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад. Сабаби худсӯзии ҷавон таҳқиқ мешавад, хабар медиҳад пулис.

Видеоҳои охирин

Вазорати маориф аз тасмими баҳсбарангезаш ҳимоят кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG