Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Кумтор" маоши зиёдтар мехоҳанд


Коргарони кони тилои «Кумтор»-и Қирғизистон аз роҳбарияти ширкат талаб кардаанд, ки маошашонро 50% зиёд кунад. Дар ин бора раиси Иттифоқи касабаи саноати куҳиву металлургии Қирғизистон Элдар Тоҷибоев хабар медиҳад.

Раиси иттифоқи касабаи «Кумтор» Авазбек Кожакматов гуфтааст, ин тақозо дар пайи беқурбшавии пули миллӣ ва боло рафтани доллари ИМА ба вуҷуд омадааст. Дар ҳоли ҳозир 80% коргарони кони тилои «Кумтор» аз бонкҳо бо доллар қарз гирифтаанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки маҳсулоти ниҳоии корхона – тило – бо доллар ба фурӯш меравад, вале коргарон бо соми қирғизӣ маош мегиранд. Ин сабаби амалан кам шудани маоши коргарон ва боло рафтани даромади ширкат аст.

Дар иттифоқҳои касаба мегӯянд, ин талаби коргарон одилона ва асоснок аст. Феълан миёни раёсати ширкат ва кумитаи иттифоқи касабаи ширкат гуфтугӯ идома дорад.

XS
SM
MD
LG