Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигораҳои дуздидашудаи асри 17 ошкор шуданд


Дар қисмати шарқии Украина, ки таҳти назорати ҷудоихоҳон аст, нигораҳои даҳ сол пеш дуздидашудаи рассомони асри 17-и Голландия пайдо шудаанд.

Дар осорхонаи Вестфрис, дар шимолу ғарби Голландия хабар доданд, ки дар моҳи июл ба сафорати ин кишвар дар Киев ду марде муроҷиат карда, ба мақомоти Голландия пешниҳод карданд, ки ин 24 нигораро харидорӣ кунанд.

Онҳо гуфтаанд, ки нигораҳоро дар яке аз бӯстонсароҳо дар қисмати шарқии Украина пайдо кардаанд ва барои бозпас додани онҳо панҷ миллион евро талаб кардаанд. Ин ними нархи замони дуздида шудани ин осор дар соли 2005 аст.

Коршиносе, ки ба унвони миёнарав ҷалб шудааст, гуфт, ки бо назардошти вазъи ногувори феълии ин нигораҳо, арзиши онҳо на бештар аз 500 ҳазор евро мебошад. Мудири осорхона Ад Гирдинк ҳушдор додааст, ки нигораҳо баъд аз талоши нофарҷоми бозгардонии онҳо ба Голландия, имкон дорад дар "бозори сиёҳ" фурӯхта шаванд.

XS
SM
MD
LG