Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нишонае аз марги Мансур мушоҳида намешавад"


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ҳеҷ гуна нишона аз марги Мулло Ахтар Мансур-раҳбари Толибон мушоҳида намешавад.

Ашраф Ғанӣ 8 декабр ба Исломободи Покистон сафар кард ва дар он ҷо дар як конфронси минтақаӣ ширкат хоҳад кард. Вай изҳори умед кард, ки музокироти сулҳ бо Толибон аз сар гирифта мешавад ва сару садоҳо дар бораи сарнавишти Мансур нодуруст аст.

Дар дар поёни ҳафтаи гузашта як паёми садоӣ пахш шуд, ки аз зинда будани Мансур далолат медод, вале баъзе шӯришиён воқеият доштани ин паёмро зери суол бурданд.

4 декабр сухангӯи худи Ашраф Ғанӣ ҳам дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки Мансур мурдааст. Вале 7 декабр Ғанӣ дар нишасти хабарие гуфт: “нишонаҳое вуҷуд надорад, ки Мансур кушта шудааст”.

Бино ба гузоришҳо, ҳафтаи гузашта Мансур дар яктирандозии байни раҳбарони Толибон дар меҳмоние дар наздикии шаҳри Кветта сахт захмӣ шуда буд. Вай моҳи июл раҳбари Толибон эълон шуд.

XS
SM
MD
LG