Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳангоми дидор бо дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо масоили муқобала алайҳи чолишҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дидори Сироҷиддин Аслов бо Ламберто Занниер дар шаҳри Белради Сербистон, дар ҳошияи иҷлоси 22-юми Шӯрои вазирони хориҷаи САҲА анҷом шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ҷонибҳо дар масъалаҳои мусоидати ин созмон ба раванди татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва харидуфурӯши одамон мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, Аслов дар Белград бо Фрак-Волтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон, дидор ва мавзӯъҳои марбут ба муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифортгароӣ ва таҳдидҳо ба амнияти минтақаро матраҳ намудааст.