Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Донишгоҳи Кӯлоб алайҳи 68 хатмкунанда


Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои 68 донишҷӯе, ки ин муассисаи олии таълимиро хатм карданд, вале ба ҷои кор ҳозир нашуданд, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Як масъули Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи панҷшанбеи 3 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин донишҷӯён аз 10 факултаи донишгоҳ мебошанд ва тобистони гузашта донишгоҳро хатм кардаанд. Вай афзуд, ки «ҳоло мо ариза омода карда истодаем, аз болои 68 донишҷӯе, ки хатм карда, ба ҷои кор ҳозир нашуданд. Мо аз болояшон ба додгоҳ шикоят мебарем. Он пуле, ки аз сӯи давлат барои ин донишҷӯён сарф шудааст, додгоҳ онро бармегардонад». Тибқи қарори ҳукумат, донишҷӯе, ки баъди хатми донишгоҳ ба ҷои кор ҳозир намешавад, донишгоҳ ҳаққ дорад бо муроҷиат ба додгоҳ, маблағҳои сарфшуда аз сӯи давлатро бозпас гардонад. Давлат донишҷӯёни бахшҳои будҷавиро ба иловаи таҳсили ройгон, дар бисёре аз ҳолатҳо бо стипендия ва ҷои хоб таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG