Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кемерон. Зарбаҳо ба ДИИШ барои Сурия заруранд


Дэвид Кемерон
Дэвид Кемерон

Парлумони Бритониё рӯзи сешанбе, 2 декабр, дар робита ба ширкат кардан ё накардани кишвар дар зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар Сурия раъй медиҳад.

Нахуствазири Бритониё Дэвид Кемерон аз вакилони парлумон даъват кард, ки аз пайвастани кишвар ба Эътилофи зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” пуштибонӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, амалиёти низомӣ алайҳи ин гурӯҳи террористӣ яке аз бахшҳои стратегияи густурдаи сулҳ ва субот дар Сурия аст.

Ду сол пеш парлумон пешниҳоди Дэвид Кемерон барои бомбборон кардани нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асадро рад карда буд. Бо ишора ба он шикасташ Кемерон тавзеҳ кард, ки агар дар бораи пирӯзияш дар ин овоздиҳӣ мутмаин намебуд, аз парлумон дархости раъйдиҳӣ намекард.

Ҷеремӣ Корбин, аз мухолифони маъракаҳои низомӣ, ки чанде пеш раҳбари Ҳизби кор интихоб шуд, гуфт, худи ӯ зидди ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия аст, аммо ба вакилони ҳизб ҳақ медиҳад, ки вобаста ба виҷдони худ раъй диҳанд – таври маъмул, қабл аз овоздиҳӣ дар масъалаҳои муҳиму сарнавиштсоз раҳбарони ҳизб ба вакилонашон дар парлумон дар бораи чӣ гуна раъй додан дастур медиҳанд.

Қарор аст, ки раъйдиҳӣ дар парлумони Бритониё баъди беш аз даҳ соати баҳсҳо сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG