Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Маскаву Анкара аз масъулият кор гиранд


Назарбоев ва Эрдуғон (Акс аз бойгонӣ)
Назарбоев ва Эрдуғон (Акс аз бойгонӣ)

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, аз Туркия ва Русия хост, ки ба хотири тафтиши суқути ҳавопаймои русии СУ-24 дар марзҳои Туркия ва Сурия комиссиюни муштарак таъсис кунанд.

Ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурии Қазоқистон, Назарбоев дар сӯҳбати телефонӣ бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки аз бад шудани робитаҳои миёни Маскав ва Анкара сахт нигарон аст. Русияву Туркия ба хотири ҳифзи робитаҳо бояд масъул будани худро намоиш диҳанд, гуфт Назарбоев.

Мақомоти Туркия мегӯянд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт. Эрдуғон изҳор намуд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгин аст ва аммо узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд.

Русия мутмаин аст, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашуда буд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 28 ноябр дар бораи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркия амр содир кард.

XS
SM
MD
LG