Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 29 ноябр Ҷаҳонгир Курмишеви 36-сола ва Канибек Мийманови 32-сола – ду шаҳрванди Қирғизистонро ба кишварашон истирдод кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Қирғизистон хабар дода ва гуфтааст, ки ин афрод барои ҷалби чаҳор зани тоҷик ба ҷанги Сурия айбдор мешаванд.
Боздошти Ҷаҳонгир Курмишев ва Канибек Мийманов рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар минтақаи шимоли кишвар сурат гирифтааст.
Он замон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ин афрод аз марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври ғайриқонунӣ гузашта, сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон - Дилафрӯз Шербекова (1991)-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Муслима Шербекова (2015) ва Адолат Шербекова (1964), Олмахон Шербекова (1988)-ро бо ҳамроҳии фарзандонаш Абдулло Шербеков (2011) ва Хадича Шербекова (2014) ва сокини Исфара Қумрӣ Мӯъминова (1995)-ро бо ҳамроҳии фарзандаш Ҳадятулло Муминов (2013) пешвоз гирифтаанд.
Шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон қасд доштаанд, ин сокинони Қубодиён ва Исфараро "ғайриқонунӣ аз хатти сарҳади Тоҷикистон гузаронда, ба шаҳри Бишкек дастрас намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи Бишкек ба Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ ба Сурия сафарбар намоянд."
Бар пояи омори расмӣ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз даҳҳо нафари онҳо кушта шудаанд. Ҳамчунин ҳудуди 36 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ”аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба “ҷиҳод” дар хоки Тоҷикистону Туркия боздошт шуданд. Мақомоти Суғд мегӯянд, 110 нафаре, ки дар Сурия меҷанганд, сокини Суғд ва бештари онҳо, 62 нафар аз ноҳияи Исфара мебошанд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, аксари ин афрод ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия бо роҳи Туркия ба Сурия рафтаанд. Ҳамзамон боздошти чандин шаҳрвандони тоҷик, ки бо роҳи Қирғизистон роҳ сӯи Сурияву Ироқу Фаластин доштанд, ҳокист, ки роҳи Исфараву Ӯшу Бишкек барои шаҳрвандони тоҷик як масири асосии хориҷ шудан аз Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Марзҳои байни ин ду кишвар барои убуру мурури шаҳрвандонашон боз аст ва таксиронҳои тоҷику қирғиз сокинонро аз Исфараву Бодканд бидуни мамониат то Ӯш ва Бишкек бурда меоранд. Ҳамчунин сафар ба кишварҳои дигар бо роҳи ҳавоии Қирғизистон арзонтар аст, аз ин рӯ бархе шаҳрвандони тоҷик ба кишварҳои Туркияву Русия аз майдонҳои ҳавоии Ӯшу Бишкек сафар мекунанд.
Моҳи сентябри соли 2014 пулиси қирғиз дар фурудгоҳи шаҳри Ӯш, ҷануби Қирғизистон, Комил Раҳматов -- сокини ноҳияи Спитмени Тоҷикистонро бар асоси маълумоти фаврии ҳамтоёни тоҷики худ дастгир кард, ки дар даст билети парвоз то Туркияро дошта, қасди "ҷиҳод" дар Фаластинро дошт. Вай ба пулиси қирғиз гуфтааст, ки гови худро фурӯхта, то Туркия билет гирифтааст. Қабл аз он Насиба Фаттоева, зане аз Исфара, ки мехост бо ду кӯдак ва саввумӣ дар батнаш ба назди шавҳараш, ки дар Сурия меҷангид равад, аз марзи Қирғизистон ақиб гардонда шуд.
Паёми президент ягон масъаларо ба таври чидди хал карда нметавонад. Ба паёмхои пешин назар андозед саноатикунонии мамлакат ва гайра. Агар як кадам ба пеш монем се кадам ба окиб меравем. То он даме ки масъалаи кадргузори аз руи истеъдоду дониш несту аз руи махаллу "ту ба ма ман ба ту" амали мешавад ба умеди ичрои суханони намоиши нашавед. Яке аз ин суханони чаноби Оли оиди баланд кардани маошу, нафака буд, ки то амали шудани он бекурбшавии сомони даромади хакикии шахрвандонро 50- 60 % поён бурд.Хама чиз кимат шуд. Аммо бо камоли хол ин филмсозиро гуш ва тамошо мекунем. Хело шухихои дидкаш мещунавем.
Аз ин паёмҳо ҳеч суде нест, мегӯянду фаромӯш мекунанд......
Замина как надо фурухтан имруз бо чапашон калан...парвои халки точик хишка надора..
Бетон рехтан,девор кардан,бом пушондан хуччат кардан 18 сол зиндаги кардан нав даракашонро ёфтан, ки гайриконуни будааст. Ачоиб Ачоиб . Хохишмандем дар хамин фасли сармо хонахояшонро чаппа накунед аввал он касоне, ки порчаи заминро хуччат карда ба дасти онхо додаанд чораи ононро бинед.
Ман хайронам дар точикистон Рахмон ва Сабур кор метониста бошанд инхо фикр надоранд, ки то инхо дигарон пеш бурда тонистад.