Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони панҷумин мусобиқаи кушодаи Ҷоми Вастан оид ба дзюдо


Рӯзҳои 28-29 ноябр дар Душанбе панҷумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои Ҷоми Вастан баргузор шуд.

Дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, панҷумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум барои Ҷоми Вастан рӯзҳои истироҳат - 28-29 ноябр барпо гардид. Ташкилкунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Клуби варзишии Вастан буданд.

Маҳмуд Абдуллоев, муовини сардовари ин мусобиқа аз Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз гуштигирони тоҷик, варзишгарони ҷавони Афғонистон, Гурҷистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Узбакистон, Украина, Ҷопон, Эрон ва Юнон ширкат доштанд. Ба мусобиқа ба ғайр аз доварони тоҷик, инчунин, ҳакамони пуртаҷриба, доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Эрон даъват шуда буданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, дар байни ширкаткунандагони мусобиқа қаҳрамони имсолаи ҷаҳон дар вазни то 55 кг байни наврасон Айболат Устубай (Қазоқистон) ва барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни беш аз 90 кг байни наврасон Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон) буданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан ба паҳлавонони наврас комёбиҳо орзу карданд.

Дар ин мусобиқа дзюдочии машҳури тоҷик Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 ва устодаш Владимир Елчанинов, мураббии шоистаи Русия ва Тоҷикистон, ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ширкат доштанд. Ба ҳарду тӯҳфаҳои Клуби варзишии Вастан тақдим шуд.

Тӯҳфаи Клуби варзишии Вастан, инчунин, ба яке аз поягузорони дзюдо дар Тоҷикистон Аҳтам Раҷабов, мураббии маъруфи гуштӣ, супурда шуд. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шукрона Қарчиева, ки шогирди Клуби варзишии Вастан мебошад, барои натиҷаҳои баландаш дар мусобиқоти байналмилалӣ бо ҷоиза сарфароз гашт. Ҳамчунин ба гурӯҳи собиқадорони варзиш тӯҳфаҳои хотиравӣ эҳдо шуд.

Ғолибони мусобиқа дар нӯҳ вазн байни писарон ва дар ду вазн миёни духтарон ба ҷуз медалу диплом, бо ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойи аввал 300 доллар, барои ҷойи дувум 150 доллар ва барои ҷойи севум 100 доллар) мукофотонида шуданд. Дар сабқати писарон дар ҳафт вазн варзишгарони Тоҷикистон ва дар ду вазн намояндагони Қазоқистону Эрон ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар сабқати занон дар вазни то 48 кг намояндаи Тоҷикистон ва дар вазни то 52 кг намояндаи Ҷопон пирӯз гаштанд. Дар ҳисоби дастаӣ варзишгарони Клуби варзишии Вастан ғолиб омада, бо Ҷоми аслӣ сарфароз шуданд.

Нуралӣ Шарифов
Нуралӣ Шарифов

Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии Вастан, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мақсади мо аз гузаронидани ин мусобиқа кашфи варзишгарони ҷавону умедбахш аст, ки дар оянда дар арсаи ҷаҳон номбардори миллату Тоҷикистон шаванд. Дар оянда талош меварзем, ки ин мусобиқаро ба мусобиқаи байналмилалӣ табдил дода, шумораи иштирокчиёнро боз ҳам бештар намоем.”

Клуби варзишии Вастан моҳи июни соли 2010-ум бо ибтикору сарпарастии паҳлавони маъруфи тоҷик Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Файз”, таъсис ёфтааст. Он нахуст дар ноҳияи Дарвоз баъди ба истифода додани толори варзишии Вастан, ки бо маблағи ин тоҷири ҳимматбаланд сохта шуд, ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе маркази Клуби варзишии Вастан ба фаъолият оғоз кард.

Паҳлавонони навраси ин бошгоҳи варзишӣ дар мусобиқоти байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.

Ғолибони панҷумин мусобиқаи кушодаи Ҷоми Вастан:
Писарон

Вазни то 46 кг

1. Маҳмадризо Қувватов (Тоҷикистон).
2. Оятулло Давлатов (Тоҷикистон).
3. Фаридун Мелибойзода (Тоҷикистон).
3. Фарорӯз Мирзошоев (Тоҷикистон).

Вазни то 50 кг

1. Умед Асматуллобеков (Тоҷикистон).

2. Аким Мамадназаров (Тоҷикистон).

3. Мустафо Валиев (Тоҷикистон).

3. Сорбони Илҳом (Тоҷикистон).

Вазни то 55 кг

1. Сӯҳроб Боқиев (Тоҷикистон).
2. Каюмарс Норов (Тоҷикистон).
3. Сафарғанӣ Қурбонбеков (Тоҷикистон).
3. Фаррух Ҳалимов (Тоҷикистон).

Вазни то 60 кг

1. Айболат Устубай (Қазоқистон).

2. Далер Қурбонҷонов (Тоҷикистон).

3. Дамир Абдеков (Қазоқистон).

3. Ҷамолиддин Абдуллоев (Тоҷикистон).

Вазни то 66 кг

1. Эраҷ Абдуллоев (Тоҷикистон).
2. Салман Рамихудоев (Тоҷикистон).
3. Геворг Манукиян (Украина).
3. Ҷаҳонгир Шамолӣ (Тоҷикистон).


Вазни то 73 кг

1. Илҳомҷон Ҳофиззодаоҷикистон).

2. Александр Черкай (Украина).

3. Абдураҳим Муъминов (Тоҷикистон).

3. Хурсандмурод Раҳматов (Тоҷикистон).

Вазни то 81 кг

1. Ёқубҷон Назиров (Тоҷикистон).
2. Асилдар Магомедов (Украина).
3. Давлет Ахмедов (Қазоқистон).
3. Шерхон Тӯрабоев (Узбакистон).

Вазни то 90 кг

1.Шариф Назриев (Тоҷикистон).

2. Амирҷони Насим (Тоҷикистон).

3. Осимҷон Алиев (Тоҷикистон).

3. Сипеҳр Ғунчиншандӣ (Эрон).

Вазни беш аз 90 кг

1.Алӣ Парҳезгар (Эрон).

2. Димитриас Тусомитас (Юнон).

3. Муҳаммадбек Фарҳодов (Тоҷикистон).

3. Хуршед Маҷидов (Тоҷикистон).

ДУХТАРОН

Вазни то 48 кг

1.Шукрона Қарчиева (Тоҷикистон).

2. Бибиҳамро Уроқова (Тоҷикистон).

3. Мулкия Рустамзод (Тоҷикистон).

3. Гулнур Ҷепарова (Тоҷикистон).

Вазни то 52 кг

1.Мирей Осаки (Ҷопон).

2. Мина Кобояши (Ҷопон).

3. Кавабата Фу (Ҷопон).

3. Кимика Вада (Ҷопон).

XS
SM
MD
LG