Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори қирғиз барои 3 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳ Дониёр Наримбоев, раҳбари собиқи дастгоҳи раиси ҷумҳури Қирғизистонро ба 3 ва вакили собиқи порлумон Ҳоҷимурод Қурқмазовро ба якуним соли зиндони низомаш сахт бо мусодираи молу амволашон маҳкум кард.

Вакилони дифоъ изҳор медоранд, ки аз ин ҳукм ба додгоҳи сатҳи дуввум шикоят мебаранд.

Дар муҳокимаи додгоҳӣ айбдоршавандаҳо бегуноҳии худро изҳор доштанд. Пештар вакилони дифоъ даъво доштанд, ки зерҳимояҳои онҳо ба далели "содир накардани ҷиноят" сафед карда шаванд.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки раиси собиқи дастгоҳи раиси ҷумҳур Дониёр Наримбоев ба 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулкаш ва вакили собиқи порлумон Ҳоҷимурод Қурқмазов ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июл маъмурони КДАМ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар вакили порлумон Ҳоҷимурод Қурқмазовро боздошт карданд, ки мегуфт аз номи Наримбоев хешовандони Нариман Тюлееви боздоштшударо ба додани 200 ҳазор доллар пора водор кардааст.

XS
SM
MD
LG