Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 6 кас дар бархӯрди полису диндорон


Баъд аз ҳодиса мардум дар майдони марказии шаҳрак ҷамъ омаданд
Баъд аз ҳодиса мардум дар майдони марказии шаҳрак ҷамъ омаданд

Вазорати умури дохилии Озарбойҷон хабар дод, ки дар даргириҳои пулис бо диндорон дар шаҳраки Нардарани Боку рӯзи 26 ноябр шаш нафар кушта шуданд, ки ду нафари онҳо маъмурони пулис мебошанд. Даргирӣ дар масҷид бо истифода аз автоматҳо ва норинҷакҳо сурат гирифтааст.

Расонаҳои маҳаллӣ дар бораи боздошти рӯҳонии маъруф Толеъ Боқирзода иттилоъ додаанд. Ва аммо дар бораи далелҳои сар задани бархӯрд миёни кормандони полису рӯҳониён то ҳол чизе гуфта нашудааст

Ҳоло ниҳодҳои интизомии Озарбойҷон роҳҳои вурудӣ ба шаҳракро бастаанд.

Бемористони шаҳрии Сабучинск, ки ба он ҷо маҷрӯҳони ин даргирӣ интиқол дода шудаанд, зери ҳимояти шадиди пулис қарор дода шудааст.

XS
SM
MD
LG