Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона хостори сабурии Маскав ва Анкара шуд


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар як баёния Русия ва Туркияро ба хештандорӣ дар вокуниш ба суқути ҳавопаймои Су-24 даъват кард.

Бо изҳори таассуф аз суқути ҳавопаймои Су-24, Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Москва ва Анқараро ба хештандорӣ даъват кард.

ВКХ Қазоқистон аз бадшавии равобити миёни Русия ва Туркия, ки «тӯли солҳои зиёд сохта шудаанд» изҳори «нигаронии амиқ» мекунад. Ба арзёбии ин вазоратхона ҳодисаи рухдода метавонад ба маъракаи зиддитеррористӣ таъсири манфӣ дошта бошад.

Ҳавопаймои русии Су-24 субҳи 24 ноябр дар наздикии марзи миёни Туркия ва Сурия аз сӯйи ҳавопаймои низомии туркии F-16 сарнагун шуд. Анқара изҳор дошт, ки ҳавопаймои низомии Русия баъд аз вайрон кардани ҳарими ҳавоии Туркия ва нодида гирифтани ҳушдорҳо зада шудааст. Москва иддао дорад, ки ҳавопаймо вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашуда, дар фарози Сурия ҳадаф қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG